Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст
Парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Машҳади Эрон, ки қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, имрӯз, 24-уми апрел барқарор шавад, бекор шуд.
Дар назар буд, ки ҳавопаймои ширкати «Вориш"-и Эрон имрӯз аз Машҳад парвоз карда, нисфирӯзии 24-уми апрел дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд ояд ва аз ин ҷо соати 14:30 ба вақти Душанбе дигарбора ба Машҳад парвоз кунад.
Аз ширкати ҳавопаймоии эронӣ ба «Азия-Плюс» гуфтанд, далели лағви парвоз ин буд, ки «яке аз кишварҳо барои убури ҳавопаймо аз ҳарими ҳавоияш иҷозат надод». Маълум нест, ки ин кадом кишвар ва чаро он барои парвози ҳавопаймо иҷоза надодааст.
Дар лавҳаи рафту баргашти хатсайрҳои сомонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ, нишон дода шудааст, ки парвози Машҳад-Душанбе ва баръакс барои имрӯз бекор шудааст.
Бояд гуфт, ки ду рӯз пеш аз ширкат «Вориш» ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буданд, хатсайри Душанбе — Машҳад, ки бо оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон муваққатан қатъ шуда буд, азсар гирифта мешавад, вале барқарор шудани хатсайри Душанбе-Теҳрон маълум нест.
Аз ширкати «Сомон Эйр» ки дар масири Душанбе — Теҳрон парвоз анҷом медод ва баъди оғози ҷанг дар Ховари Миёна парвозҳояшро муваққатан қатъ карда буд, ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буданд, мушаххас нест, ки парвозҳо дар ин хатсайр кай барқарор мешавад.
Бояд гуфт, парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон ва баръакс рӯзи 28-уми феврал, бо ҳамлаи бедалели Амрикову Исроил ба Эрон, ки 40 рӯз давом кард, лағв шуда буд. Ду ҳафта пеш Эрону Амрико барои ду ҳафта оташбас эълон карданд ва рӯзи 21-уми апрел ин оташбас тамдид карда шуд. Ҳоло вазъ дар минтақа норӯшан боқӣ мондааст.
Сарчашма: asiaplus.news

Аз ширкати «Вориш» изҳор доштанд, ки ин хатсайр бо дарёфти иҷозаи истифодаи ҳарими ҳавоии Туркманистон рӯзи сешанбе ва ё ҷумъаи ҳафтаи оянда парвози худро барқарор хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки ду рӯз пеш аз ширкат «Вориш» ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буданд, хатсайри Душанбе — Машҳад, ки бо оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон муваққатан қатъ шуда буд, азсар гирифта мешавад, вале барқарор шудани хатсайри Душанбе-Теҳрон маълум нест.
Аз ширкати «Сомон Эйр» ки дар масири Душанбе — Теҳрон парвоз анҷом медод ва баъди оғози ҷанг дар Ховари Миёна парвозҳояшро муваққатан қатъ карда буд, ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буданд, мушаххас нест, ки парвозҳо дар ин хатсайр кай барқарор мешавад.
Бояд гуфт, парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон ва баръакс рӯзи 28-уми феврал, бо ҳамлаи бедалели Амрикову Исроил ба Эрон, ки 40 рӯз давом кард, лағв шуда буд. Ду ҳафта пеш Эрону Амрико барои ду ҳафта оташбас эълон карданд ва рӯзи 21-уми апрел ин оташбас тамдид карда шуд. Ҳоло вазъ дар минтақа норӯшан боқӣ мондааст.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)