Шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон кор мекунанд, дар шаш моҳ 53 адад зиёд шудааст
Дар Ӯзбекистон шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба 410 адад расидааст. Ин теъдод 6 моҳ пеш, то 1 июли соли 2025-ум 357 буд ва дар ин муддат, 53 корхонаи дигар кушода шудааст.
Дар ин бора Кумитаи омори Ӯзбекистон иттилоъ дода, гуфтааст, аз теъдоди умумӣ, 308 корхона пурра бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунад ва 102 адади он корхонаҳои муштарак мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, 144 корхонаи дар ин кишвар бо сармояи Тоҷикистон фаъолияткунанда дар бахши савдо будаанд. Корхонаҳои дигари Тоҷикистон дар ин кишвар аз рӯйи соҳаҳои фаъолият чунин тақсимбандӣ мешаванд:
89 адад дар бахши саноат;
43 адад дар бахши сохтмон;
33 адад дар бахши иттилоот ва алоқа;
23 адад дар бахши хадамоти манзил ва озуқаворӣ;
16 адад дар бахши нақлиёт ва нигоҳдорӣ;
11 адад дар бахши тандурустӣ ва хидматрасонии иҷтимоӣ;
5 адад дар бахши хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳипарварӣ;
57 адад дигар соҳаҳо.
Тибқи омори нашркардаи мақомоти Ӯзбекистон, теъдоди корхонаҳое, ки бо сармоягузории Тоҷикистон дар ин кишвар фаъолият мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад. Аз ҷумла, 6 моҳ пеш — то 1 июли соли 2025 дар ин кишвар 357 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекард.
Ин теъдод, ба ҳолати 1-уми октябри соли 2025 ба 364, баъди як моҳ ба 379, то 1-уми декабри соли гузашта ба 386 ва ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ ба 389 адад баробар буд.
Омори нашргардида нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз рӯйи раддабандӣ байни кишварҳое, ки бо сармояашон дар ин кишвар корхона боз кардаанд, дар зинаи ҳаштум қарор дорад.
Маълум нест, ки айни ҳол чанд корхона бо сармояи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Танҳ соли 2024 сомонаи «CentralasianLIGHT.org» иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 корхона бо сармояи Ӯзбекистон амал мекунад.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)