< Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад

Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Ҳукумати Русия ба Дума ё парлумони ин кишвар лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки дар он барои кормандони хориҷӣ, махсусан муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав муқаррар шудааст. Аз ҷумла, дар лоиҳа манъи додани патент ба муҳоҷироне, ки даромади паст доранд, зикр мешавад. Хабаргузории РБК менависад, ки матни лоиҳа дар пойгоҳи электронии парлумон нашр шудааст. 
Ҳамчунин, дар санад пешбинӣ шудааст, ки фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ бо расидан ба синни 18 бояд қаламрави Русияро тарк кунанд ё барои ба кор машғул шудан патент ба расмият дароранд.

Яъне фарзандони ноболиғи муҳоҷирон танҳо дар сурате дар ин кишвар ҳақи иқомат пайдо мекунанд, ки волидайнашон андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) ҳам барои худ ва ҳам барои фарзандонашон, ки дар қаламрави кишвар қарор доранд, пардохт кунанд.

«Пас аз расидан ба синни 18 барои тарк кардани қаламрави Русия ё додани ариза барои гирифтани иҷозаи кор барои худ, як моҳ муҳлат дода мешавад», -зикр мешавад дар лоиҳа.
Ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонун ба хориҷиёне, ки даромадашон аз ҳадди ақалл (минимум)-и зист паст аст, додан ё дароз кардани муҳлати патент манъ карда мешавад.  Барои ин, мақомоти андоз ба таври худкор ҳар 3, 6, 9 ва 12 моҳ маълумот дар бораи даромади муҳоҷиронро ба ВКД мефиристанд.

Патенти корӣ ҳуҷҷатест, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолияти қонунӣ дар Русия ҳуқуқ медиҳад.
Он барои шаҳрвандони кишварҳои дорои реҷаи бидуни раводид, аз ҷумла Тоҷикистон ҳатмист.

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд.

Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши патент ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо машғули кор ба муҷҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий