“Классико”-и Аврупо. Фаронсаву Англия дар 1/4 финали Ҷоми ҷаҳон- 2022
Фаронса – Лаҳистон 3-1
Фаронса дар бозии даври 1/8 финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бар тими Лаҳистон пирӯз шуд. Вохурӣ дар варзишгоҳи «Ат-Тумама» бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт.
Оливе Жиру дар дақиқаи 44-ум ҳисобро барои фаронсавиҳо боз кард. Жиру аз рӯи ҳисоби голҳо дар ҳайати тими миллии Фаронса бо 52 гол дар ҷои аввал баромад. Аз рӯи ин нишондод Жиру аз Терри Ҳенрӣ (51 гол) пеш гузашт.
Килиан Мбаппе дар нимаи дуюми бозӣ ду гол зад. Вай аввалин бозигар дар таърих шуд, ки то синни 24-солагӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол ҳашт гол задааст.
Дар дақиқаи 90+9-ум мунтахаби Лаҳистон имкони гол заданро пайдо кард. Довари асосии бозӣ Ҳесус Валенсуэла баъди бархӯрди тӯб ба дасти Дайо Упамекано зарбаи ҷаримавӣ таъин кард. Дар натиҷа Левандовски гол зада, ҳисоби ниҳоии бозиро гузошт.
Англия – Сенегал 3-0
Мунтахаби Англия дар бозии даври 1/8 финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бар тими миллии Сенегал бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Ал-Байт» баргузор шуд.
Ҳисобро нимҳимоятгари англис Ҷордан Ҳендерсон дар дақиқаи 38-ум боз кард.
Дар вақти ба қисми аввал иловашуда ҳамлагар Ҳарри Кейн бартарии дастаашро дучанд кард. Бозингар бо дарвозабон як ба як баромад ва тубро бо зарбаи сахти паст ба дарвоза равон намуд.
Голи сеюмро ҳамлагар Букайо Сака ба самар расонид.
Ба ин тартиб, дар даври 1/4 финали Ҷоми ҷаҳон- 2022 мухлисони футболро “классико”-и аврупоӣ интизор аст, ки дар он Фаронса бо Англия бозӣ хоҳад кард.
Имрӯз, 5-уми декабр, дар даври 1/4 финали Ҷоми ҷаҳон- 2022 бозиҳои зерин дар назар аст:
20:00. Япония – Хорватия
00:00. Бразилия – Южная Корея
Соати бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info
Комментарии (0)