Донишгоҳҳои Тоҷикистону Русия барои донишҷӯён барномаҳои шабакаиро таҳия хоҳанд кард
Курсҳои замонавӣ ҳам ба абитуриент ва ҳам ба магистр кӯмак мекунанд, то дониши худро амиқ гардонанд ва ҳамчун мутахассис дар бозори меҳнат талабгор дошта бошанд
Муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо як донишгоҳи бузурги Русия барномаҳои таълимии шабакавии муштарак барои омӯзгоронро таҳия хоҳанд кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Донишгоҳи давлатии Псков (ПсковГУ) хабар додааст.
Чунин барномащо барои хатмкунандагони мактабщо ва донишкадащои олии ҷумҳурӣ пешниход карда мешаванд.
Донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар Донишгоҳи давлатии Псков аз рӯи барномаҳои бакалаврӣ ва магистратура таҳсил кунанд.
"Ҳайати Донишгоҳи давлатии Псков бо ҳамкорони тоҷик дар бораи табодули мутақобилаи донишҷӯён ва эҷоди барномаҳои шабакавии муштарак ба мувофиқа расиданд", - омадааст дар хабари матбуоти донишгоҳ.
Илова бар ин, дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо оид ба табодули мутақобилаи донишҷӯёну омӯзгорон, инчунин иштирок дар конфронсҳои байналмилалии илмию амалии олимони ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Псков ваъда додаанд, ки барои такмили ихтисоси омӯзгорони тоҷик тарҳҳои муштарак роҳандозӣ мекунанд.
Қаблан раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Шӯрои Федератсия Лилия Гумерова гуфта буд, ки Русия теъдоди квотаҳоро барои донишомӯзони тоҷик аз 750 то ба 950 курсӣ афзоиш додааст.
Ба гуфтаи вай, ин ба онҳо имкон медиҳад, ки бо омӯхтани забон ва дарёфти тахассуси хуб ҷои кори мувофиқ пайдо кунанд.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)