< Сомон ҳам мағлуб шуд, вале мусобиқа барои Тоҷикистон ҳоло анҷом наёфтааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сомон ҳам мағлуб шуд, вале мусобиқа барои Тоҷикистон ҳоло анҷом наёфтааст

Сомон ҳам мағлуб шуд, вале мусобиқа барои Тоҷикистон ҳоло анҷом наёфтааст

Ҳарчанд Маҳмадбеков шикаст хӯрд, вале Тоҷикистон ҳамоно ба натиҷаи хуби чор варзишгари дигар умед мебандад

Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, дар мусобиқаи байналмилалии "Antalya Grand Slam 2022" шикаст хӯрд, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, паҳлавони маъруфи тоҷик ба сабқат дар вазни то 73 кило аз даври дуюм шурӯъ кард ва аз ҳамтои бразилиягии худ бо гирифтани се "шидо" (огоҳӣ) шикаст хӯрд.

Ҳамчунин дар рӯзи аввали мусобиқа се намояндаи дигари Тоҷикистон: Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило, Шаҳбоз Саидаброров ва Абубакр Шеров дар вазни то 66 кило ноком шуданд.

Варзишгарони тоҷик аз ҷудокори бразилиягӣ, бритонӣ ва португалӣ шикаст хӯрданд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 3 апрел, ки охирин рӯзи мусобиқот мебошад, варзишарони тоҷик, Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило ва Абубакри Акобир то 100 кило ва Темур Раҳимов беш аз 100 кило вориди майдони рақобат мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байнаалмилалии ҷудо, "Antalya Grand Slam 2022" дар шаҳри Анталияи Туркия ҷараён дорад.

Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий