Чин: Амрико бояд бидуни қайду шарт дороиҳои миллии Афғонистонро баргардонад
Вазири умури хориҷаи Чин мегӯяд, ки ИМА бояд таҳримҳои якҷонибаро лағв ва дороиҳои миллии Афғонистонро бидуни қайду шарт ба ин кишвар бозгардонад
Ван И, вазири умури хориҷаи Чин, ахиран дар нишасти севуми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфт, кишварҳои ҳамсоя хостори бозгардонидани амволи миллати Афғонистон аз сӯи Амрико шуданд.
Конфронси севуми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар Тунси Чин бо ҳузури Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, вазирони умури хориҷа ва намояндагони Чин, Покистон, Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Тарафайн тайи ин нишаст дар хусуси мавориди ба иҷмоъи назар даст ёфтанд, ки ин маворид аз сӯйи вазорати хориҷаи Чин тайи баёнияе мунташир кард.
"Муҳим аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб масъулияти аслии худро барои эҳё ва рушди Афғонистон бар дӯш гиранд ва амволи мардуми Афғонистонро ҳарчӣ зудтар ба онҳо баргардонанд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар изҳорот ҳамчунин бар зарурати пуштибонӣ аз нақши муносиби Созмони Милали Муттаҳид дар мусоидат ба сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳамоҳангсозии кумак ба Афғонистон таъкид шудааст.
Ҳамчунин аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ хоҳиш карда шудааст, ки нақдинагӣ фаъолона ба Афғонистон тазриқ кунанд то ба ин кишвар кумак кунанд дар масири тавсеаи солим қадам бардорад.
"Мо аз ҳама ҷонибҳо даъват менамоем, ки бо Афғонистон тамос ва муколамаро густариш диҳанд, аз рушди иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон пуштибонӣ кунанд, ба таҳримҳо ва фишорҳо муқовимат кунанд ва мухолифат кунанд", - гуфта шудааст дар баёния.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)