< Ҷаҳиши қурби доллар дар Тоҷикистон: 170 сомонӣ дар як рӯз боло рафт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷаҳиши қурби доллар дар Тоҷикистон: 170 сомонӣ дар як рӯз боло рафт

Ҷаҳиши қурби доллар дар Тоҷикистон: 170 сомонӣ дар як рӯз боло рафт

Дар Тоҷикистон ба дунболи коҳиши башиддати рубл қурби пули амрикоӣ ва аврупои боло рафат

Бонки миллии тоҷикистон қурби доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ ба ҳадди рекордӣ боло бурд

Қурби расмии доллари амрикоӣ тибқи нишондоди ин ниҳод ҳоло дар кишвар барои як доллар 13 сомонӣ нишон дода шудааст.


Ин ниҳод якбора давоми як шабонарӯз арзиши долларро 170 сомонӣ гарогн кардааст.
То ин болоравӣ дар кишвар 11,30 сомонӣ барои як доллар медоданд.
Дар баробари доллар Бонки милли асъори аврупоиро беш аз 180 сомонӣ давоми 24 соати гузашта боло бурдааст.
Як рӯз қабл дар кишвар 1 евро 12.3486 сомонӣ арзиш дошт ва ҳоло бошад он ба қимати 14.1908 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Қурби пули русӣ бошад, каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл дар ҷумҳурӣ 99 сомонӣ арзиш дорад.
Дар ҳамин ҳол нишондиҳандаҳо бонкҳои тиҷории Тоҷикистон махсусан дар фурӯш болотаранд
Дар бонки "Эсхата" яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон қурби  1 доллар зимни харид 12 сомонию 98 дирам ва зимни фурӯш 13 сомонӣ муқаррар шудааст.

Арзиши харидуфурӯши 1 доллар дар "Алифбонк" низ чунин муқаррар шудааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий