Эрон гуфт, омода аст дар кашфи чоҳҳои нафту газ ба Тоҷикистон кумак кунад
Тоҷикистон ва Эрон талош доранд ҳамкориҳоро дар бахши саноати нафту газ густариш диҳанд
Ҷаводи Авҷӣ, вазири нефти Эрон гуфтааст, ки кишвараш омода аст ба Тоҷикистон дар бахши коркард ва дарёфти чоҳҳои нафту газ ба Тоҷикистон кумак кунад.
Номбурда ин нуктаро пас аз дидор бо Далер Ҷемъа, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон изҳор доштааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати нефти Эрон.
Вазорати нефти Эрон гуфтааст бо таваҷҷуҳ ба зарфият ва тавонмандиҳе, ки дар заминаи истихроҷ, кашф ва баҳрамандӣ аз майдонҳои нефт ва газ ва коркарди нефту газ дар полойшгоҳҳо ва дар ҳоли ҳозир маҳсулоти саноъати кимиё дорад, эъломи омодагӣ барои кумак кардааст.
Авҷӣ афзудааст, ки тавофуқҳои хуб ҳам дар ин заминаҳо бо ҷониби Тоҷикистон доштаанд
Номбурда бо баёни ин кин Эрон дар бахши тавсеаи майдонҳои нефт ва гази Тоҷикистон мушорикат хоҳад кард, гуфт: «Дар пай матраҳ шудани дархости бозсозӣ ва навсозии полойшгоҳҳои нефти ин кишвар Эрон бо такя ба тавонмандиҳои ширкати миллии полойш ва пахши фаровардаҳои нефтӣ дар саноати полойш ба зудӣ гуруҳҳои фании худро ба кишвари дуст ва бародари Тоҷикистон эъзом мекунад то тавофуқҳо дар заминаҳои энергетика, нефт, газ ва саноати кимиё иҷроӣ шавад».
Ӯ бо ишора ба беҳбуд ва тавсеаи равобит гуфт, ки сатҳи мубодилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистонродар назар аст ба беш аз 500 миллион евро бирасонем.
Ба гуфти Авҷӣ зимин музокироти бо вазири энергетикаи Тоҷикистон дар мавзӯи омӯзиш дар ҳавзаи энергетикаи Тоҷикистон матолиби хуб матраҳ шуд, ки ширкати миллии нефти Эрон ҳам дар ин бора эъломи омодагӣ кард.
Далер Ҷумъа, вазири энергеика ва захоири обии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаҳои Эрон дар заминаҳои иктишоф ва тавлиди нефт ва газ хостори такмили кормандон ва ҳамкории густурдатар дар ин умур ҳастанд.
Сарчашма: Sputnik Tajikistan
Комментарии (0)