Оғози барқароршавии рубл баъди уфти якбора
Қурби рубл дар пайи уфти якбора дар оғози ҳафтаи ҷадид боз рӯй ба болоравӣ ниҳодааст
Савдои рубл дар биржаи Маскав, ки аз 90 рубл барои як доллар ва 101 рубл барои евро оғоз шуд, дар аввал ҷаҳиш дошт, хабар дод РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, дар давоми савдо қурби доллар то то ба 109 доллар ва евро аз 122 рубл гузашт. Аммо дар пайи ҷаҳиши якбора арзиши пули русӣ боз каме рӯй ба устуворӣ ниҳодаст.
Аз ҷумла ба ҳолати зуҳри рӯзи душанбе ва натиҷаи савдори асъор дар биржаи Маскав доллар 102 рубл ва евро 113 рубл арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки дар бозори ҷаҳонӣ аз ҷумла дар «Forex» арзиши доллар ва евро аз нишондоди охири рӯзи ҷумъа 29% гаронтар савдо мешаванд. Аз ҷумла доллар ҳудуди 107,5 рубл ва евро 122 рубл арзиш дорад.
Коршиносон уфти қурби рублро дар пайи таҳримоти Ғарб, аз ҷумла бастани дороиҳои Бонки марказии Русияро пешгӯӣ карда буданд.Аз ҷумла роҳбари бахши таҳлили сармоягузории гуруҳи «Универ Капитал» Андрей Верников ба РИА «Новости» гуфт, доллар метавонад то ба 100-120 рубл боло равад. Аммо Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро боло мебараду ҳафтае пас қурб боз то 85 рубл сари як долларро ташкил хоҳад дод.
Таҳримҳо дар пайи он эълон шуданд, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода афзуд, ки «вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад». Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Русия 21 феврал мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд. Бар асоси асноди тасвибшуда, барои амнияту субот дар Луганску Донетск аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода мешавад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan
Комментарии (0)