< Тамдиди иҷозатномаи Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз сӯйи Бонки миллӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тамдиди иҷозатномаи Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз сӯйи Бонки миллӣ

Тамдиди иҷозатномаи Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз сӯйи Бонки миллӣ
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» ба муҳлати панҷ сол тамдид кард

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Осон» ба муҳлати 5 (панҷ) сол тамдид карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Бонки миллӣ гуфтааст, ки қарори мазкур санаи 22 феврали соли равон ба имзо расидааст.

Иҷозатномаи мазкур мутобиқи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» тамдид шудааст.

«Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶСП „Бонки байналмилалии Тоҷикистон“ барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2019 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста мешавад», — иттилоъ додааст БМТ.Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, раёсати Бонки миллӣ, Идораи низоми пардохтро вазифадор кардааст аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Комментарии (0)

Оставить комментарий