< Шаҳрдорӣ гуфт, Душанбе Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳро чӣ гуна ҷашн мегирад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шаҳрдорӣ гуфт, Душанбе Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳро чӣ гуна ҷашн мегирад

Шаҳрдорӣ гуфт, Душанбе Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳро чӣ гуна ҷашн мегирад
Маъмурияти пойтахт бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ 23 феврал барои баргузории як қатор чорабиниҳо омодагӣ мегирад

Дар Душанбе дар остонаи Рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дувумин ҷашнвораи дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни сарбозӣ баргузор мешавад.Дар мавриди рӯзи 23 феврал дар шаҳрдорӣ гуфтанд, ки тибқи анъана дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.

«Имсол Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар пойтахт ба таври густарда таҷлил мешавад», — гуфтанд дар маъмурияти Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон.

Бо дастури раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ рӯзи 17 феврал ҷашнвораи низомии «Ба Ватану халқ содиқона хизмат мекунам» оғоз шуд, ки он дар пойтахт то 22 феврал давом мекунад.Чорабинӣ ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бахшида шудааст. Ба ин ҳадафҳо аз буҷети шаҳр 105,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 9,5 ҳазор доллар) ихтисос дода шудааст.

Раиси шаҳр ба тамоми масъулин дастур додааст, ки ба чорабинии идона бо риояи чораҳои санитарию эпидемиологӣ омодагӣ гиранд.Қобили зикр аст, ки ҳамасола рӯзи 23-юми феврал дар майдони Дӯстӣ дар маркази Душанбе бо иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як паради идонаи низомӣ баргузор мешавад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Комментарии (0)

Оставить комментарий