Милиса дар Душанбе фурӯшандаи силоҳи сардро ҳабс кард
Дар Душанбе барои ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои авбошӣ бо истифодаи аз силоҳи сард амалиёти шартии "Корд" баргузор шуд.
Ба иттилои Раёсати умури дохилаи пойтахт, зимни баргузории ин амалиёт як нафар фурӯшандаи силоҳи сард боздошт шуд.
Манбаъ меафзояд, номбурда истиқоматкунандаи шаҳри душанбе буда, дар гузаргоҳи зеризаминии хиёбони Исмоили Сомонӣ ба соҳибкорӣ машғул будааст ва ба итаври пинҳонӣ бар хилофи талаботи қонунгузорӣ ба фурӯши предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда даст задааст.
Гуфта мешавад, аз фурӯшгоҳи ӯ 24 адад корди хурду калон, 6 адад чаки оҳанин (палочка), 13 адад дастчӯбҳои оҳанин, резинӣ ва чубин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 2 адад кастет ва дигар предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуд.
Зимни пурсиш номбурда изҳор доштааст, ки силоҳи сардро ба хотири ба даст овардани даромад ба фурӯш гузоштааст ва муштариёни асосии ӯ ноболиғону ҷавонон мебошанд.
Ба ҳамин минвол, нисбати марди 51 - сола протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати панҷ шабонарӯз таъин карда шуд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)