< Шаш мошинро наздик ба ним миллион доллар фурӯхту пулашро надод: "фиреб дар мошинбозор" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шаш мошинро наздик ба ним миллион доллар фурӯхту пулашро надод: "фиреб дар мошинбозор"

Шаш мошинро наздик ба ним миллион доллар фурӯхту пулашро надод: "фиреб дар мошинбозор"
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, марде шаш мошини як сокини шаҳри Ваҳдатро гирифта фурӯхтааст, аммо маблағашро ба соҳибаш барнагардондааст.

Ба иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 41-соларо бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд.

Манбаъ афзуд, ки боздоштшуда бо роҳи фиреб ба бовари марди 44-сола даромада, аз ӯ 6 адад автомашинаи гуногунтамға: “Волва”, “Мерседес-Бенс”, “Актрос”, “Ман”, БМВ ва “Мерседес-Бенс”-ро нархгузорӣ карда гирифта, ба шахсони дигар фурӯхта, маблағи ба дастовардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Мақомот мегӯянд, зарари расонидашуда 442 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод ҳамчунин, марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамин иттиҳом боздошт кардааст.

Боздоштшуда аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, 2 адад автомашинаҳои тамғаи БМВ-Х5 ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст, ки зарари расонидашуда 375 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Ин мард ҳамзамон “Лексус-350”-и сокини шаҳри Ваҳдатро ба маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифтааст, аммо пулашро надодааст.

ВУД мегӯяд алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий