< Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки хона - музейи Айнӣ тахриб нашавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки хона - музейи Айнӣ тахриб нашавад

Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки хона - музейи Айнӣ тахриб нашавад
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, қарор кардааст, ки хона - музейи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистон тахриб карда нашавад

Шаҳрдории Душанбе бо нашри як иттилоия гуфт, хона - музейи Садриддин Айнӣ кӯчонда ё тахриб намешавад.

Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин президенти Академияи илмҳо ва қаҳрамони Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ, дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе воқеъ буда, хабари кӯчондани он боиси норозигии намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа гардид.

Шаҳрдорӣ таъкид намудааст, ки Рустами Эмомалӣ бо назардошти пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар, дастур додаст, ки Хона-музей бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад.

"Ҳамчунин, ба сохторҳои дахлдор супориш додаанд, ки гирду атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда шавад", - омадааст дар иттилоия.

Комментарии (0)

Оставить комментарий