< UNICEF мехоҳад маоши муаллимони Афғонистонро бидуни дахолати “Толибон”* пардохт кунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

UNICEF мехоҳад маоши муаллимони Афғонистонро бидуни дахолати “Толибон”* пардохт кунад

UNICEF мехоҳад маоши муаллимони Афғонистонро бидуни дахолати “Толибон”* пардохт кунад
Ҷанет Веглар, раиси омӯзиши UNICEF барои Афғонистон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, UNICEF дар ҳоли эҷоди низоме аст, ки имкони пардохт мустақим ба муаллимонро бидуни интиқоли вуҷуҳ аз тариқи мақомот (“Толибон”*) фароҳам мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Ба гуфтаи ӯ, UNICEF ба фарогирии ҳамаи омӯзгорон дар мактабҳои Афғонистон шурӯъ мекунад.

Мудири маорифи UNICEF дар Афғонистон гуфт: "Беҳтарин роҳи дастгирии таҳсили духтарон дар Афғонистон идомаи дастгирии мактабҳо ва муаллимон аст. UNICEF аз донорҳо даъват мекунад, ки кӯдакони афғонро ноумед насозанд".

Бино ба гузоришҳо, аз замони ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон ниҳодҳои давлатӣ, ба хусус беҳдошт ва маориф дар ҳолати бӯҳронӣ қарор гирифтааст.

Бисёре аз кумакҳои молии хориҷ аз кумакҳои башардӯстонаро қатъ карданд.

Кӯмаки башардӯстона танҳо бо ғизо ва либос маҳдуд аст ва кормандони хадамоти давлатӣ, аз ҷумла омӯзгорон моҳҳо боз аз маош маҳрум гаштанд, хабар медиҳад Reuters.

Аз сӯйи дигар, миллиардҳо доллар маблағҳои Бонки марказии Афғонистон дар хориҷ низ мунҷамид шуд.

Дар ҳамин ҳол, мактабҳо дар ҳудуди 30 вилояти кишвар барои духтарони аз синфи шашум боло бастаанд.

Як мақоми “Толибон” ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки ба зудӣ дар бораи бозгашти духтарон дар ба макотиб "хабари хуш" пахш хоҳанд кард.

* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий