< Ятимов: вазъ дар Афғонистон ба тамоми ИДМ таҳдид мекунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ятимов: вазъ дар Афғонистон ба тамоми ИДМ таҳдид мекунад

Ятимов: вазъ дар Афғонистон ба тамоми ИДМ таҳдид мекунад
 Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки вазъ дар Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистон, балки ба тамоми фазои пасошӯравӣ таҳдид мекунад.

Вай ин нуктаро ҳангоми иштирокаш дар 17 -умин нишасти сарони хадамоти амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви Иттиҳод изҳор дошт.

"Мо бовар дорем, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари воқеӣ эҷод мекунад.

Фикр мекунам, ки барои тамоми Иттиҳоди Шӯравии пешин, бахусус минтақаҳое, ки аҳолии мусулмон доранд".

Ба гуфтаи Ятимов, "талошҳои мушаххас" вуҷуд дорад, ки дини исломро ҳамчун ноором сохтани вазъи минтақа истифода барад.

Ёдовар мешавем, ки дар Маскав ҷаласаи хадамоти махсуси Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Туркманистон баргузор шуд.

Вазъ дар Афғонистон авоили моҳи август, замоне шиддат гирифт, ки Толибон (ҳаракати террористии ваъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) ҳамлаи худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, санаи 15 август Кобулро зери дасти худ гирифтанд.

Президенти пешини ин кишвар Ашраф Ғанӣ аз кишвар ба Иморот фирор кард ва низоми қаблӣ пурра суқут кард.

Толибон (ҳаракати террористии ваъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) аввали моҳи сентябр кобинаашонро эълон карданд, ки боиси эътирозҳо гардид ва ҳамашумул набудани он низ боис шуд, ки то кунун ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий