< Дастгир гардидани муҳоҷири тоҷик аз ҷониби сокини Питер » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дастгир гардидани муҳоҷири тоҷик аз ҷониби сокини Питер

Дастгир гардидани муҳоҷири тоҷик аз ҷониби сокини Питер

Cокини 50-солаи Петербург муҳоҷирро аз по афтонда, дасту пои ӯро баст ва дар бордон (багажник)-и мошини «Киа Рио» андохт. Сипас мошинро то деҳаи ҳамсояи Куйвози ронда, дар онҷо бордонро кушод. Ҷавони рабудашуда кӯшиш кард, ки муқовимат нишон диҳад ва қариб халос ҳам шуда буд, вале ронанда боз бо истифода аз зӯр ӯро дар бордон маҳкам кард ва ба роҳаш идома дод. Баъди чанде ӯ боз мошинро манъ карду бордонро кушод. Ин дафъа, ба гуфтаи гаравгонгир, муҳоҷири тоҷик тавонист фирор кунад. Вале тафтишот ба ин фарзия бовар надорад, чунки ҷавонро аз ҳамон рӯз дигар касе надидааст. Фарзияе ҳам ҳаст, ки ҳатто агар ҷавон фирор ҳам карда бошад, ӯ шояд аз сардӣ мурда бошад, чунки он рӯз на дар танаш либоси гарм дошт ва на дар пояш – пойафзол...

Маркази матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Ленинград рӯзи 25 январ дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти шаҳри Всеволожск дар робита ба ғайб задани як сокини 24-солаи деҳаи Гарболовои ноҳияи Всеволожский бар асоси қисми якуми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Дар чорчӯби ин парванда бо гумони даст доштан дар куштори ҷавон, ки матбуоти маҳаллӣ ӯро зодаи Тоҷикистон ном мебарад, як сокини 50-солаи шаҳри Санкт-Петербург дастгир шудааст.

Деҳаи Гарболово тақрибан дар 65-километрии шимоли шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст. Дар Гарболово ва дигар деҳаҳои ноҳияи Всеволожский дар канори сокинони маҳаллӣ асосан муҳоҷироне зиндагӣ мекунанд, ки дар сохтмонҳои ин ноҳияи воқеъ дар ҳамсоягии Петербург кор мекунанд.

Бино ба иттилои тафтишот, ҷавонмарди ғайбзада дар деҳаи Гарболово дар як манзили иҷора зиндагӣ мекард ва аз ҳисоби маблағҳои хадамоти коммуналӣ 40 ҳазор рубл, ё ҳудуди 600 доллар қарздор шудааст. Рӯзи 19 январ соҳибони хона ҳамроҳи як марди 50-солаи шиносашон ба ин хона омада, пардохти пули қарзро талаб кардаанд. Гӯё ҷавони иҷорашин бо корд ба онҳо ҳамла кардааст ва марди 50-сола дасту пои ӯро баста, аз хона бароварда, дар бордони мошинаш ҷо кардааст ва ба кадом самти номаълум бурдааст.

То имрӯз, бо гузашти инак 6 рӯз аз ин ҷавон дараке наёфтаанд.

Нашрияи маҳаллии «47news.ru» аз манобеи худ дар мақомоти тафтишотӣ дар бораи ин қазия тафсилоти бештаре пайдо кардааст. Бино ба навиштаи ин нашрия, зани соҳибхонаро ин чиз ба қаҳр овардааст, ки ҷавон бар хилофи тавофуқ дар хонаи иҷора танҳо не, балки ҳамроҳи ҳамватанҳояш зиндагӣ мекард.

«Сокини 50-солаи Петербург, ки рӯзи 19 январ ба кумаки зани соҳибхона омада ба деҳаи Гарболово омада буд, муҳоҷирро аз по афтонда, дасту пои ӯро баст ва дар бордони мошини «Киа Рио», ки бо он омада буд, андохт. Сипас мошинро то деҳаи ҳамсояи Куйвози ронда, дар онҷо бордонро кушод. Ҷавони рабудашуда кӯшиш кард, ки муқовимат нишон диҳад ва қариб халос ҳам шуда буд, вале ронанда боз бо истифода аз зӯр ӯро дар бордон маҳкам кард ва ба роҳаш идома дод,» - менависад «47news.ru».

«Баъди чанде ӯ боз мошинро манъ карду бордонро кушод. Ин дафъа, ба гуфтаи гаравгонгир, муҳоҷири тоҷик тавонист фирор кунад. Вале тафтишот ба ин фарзия бовар надорад, чунки ҷавонро аз ҳамон рӯз дигар касе надидааст. Фарзияе ҳам ҳаст, ки ҳатто агар ҷавон фирор ҳам карда бошад, ӯ шояд аз сардӣ мурда бошад, чунки он рӯз на дар танаш либоси гарм дошт ва на дар пояш - пойафзол,» - идома медиҳад ин қиссаи ҳузнангезро«47news.ru».

Дар бораи гум шудани ин ҷавон ба мақомот падараш хабар додааст.

Баъди боздошт аҳволи саломатии марди гумонбар якбора бад шудааст ва ӯро ба бемористон бурдаанд. Дар ҳоли ҳозир масъалаи интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба ӯ дар дасти баррасӣ қарор дорад, - хабар медиҳад маркази матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Ленинград.

Дар мавриди марди боздоштшуда маълумоте вуҷуд дорад, ки ӯ як нафари марбут ба олами ҷиноӣ буда, се сол пеш барои дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонда шуда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий