< Рустами Эмомалӣ аз бурду бохти фаъолияти худ ба ҳайси раиси шаҳр ҳисобот медиҳад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рустами Эмомалӣ аз бурду бохти фаъолияти худ ба ҳайси раиси шаҳр ҳисобот медиҳад

Рустами Эмомалӣ аз бурду бохти фаъолияти худ ба ҳайси раиси шаҳр ҳисобот медиҳад
Шаҳрдори Душанбе рустами Эмомалӣ дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии пойтахт дар назди вакилон ҳисобот медиҳад

Санаи 23 - юми декабри соли равон иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар ҳошияи ин ҷаласа шаҳрдори пойтахт рустами Эмомалӣ 11 моҳи фаъолияти худро натиҷагирӣ намуда дар назди вакилон ҳисобот медиҳад.

Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи мазкур тасдиқи қарорҳое, ки қаблан аз ҷониби шаҳрдори пойтахт қабул гардида буданд, сурат мегирад.

Зимнан, Рустам Эмомалӣ аз вакилони Маҷлиси пойтахт хоҳиш кардаст, ки бо интихобкунандагонашон аз қабл мулоқотҳо доир намоянд ва арзу шикоятҳо ва пешниҳодҳояшонро омӯзанд, то баъдан масъалаҳои ҷолибро ба рӯзномаи ҷаласа дохил кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий