< Қоҳир Расулзода ба Кувайт сафар мекунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қоҳир Расулзода ба Кувайт сафар мекунад

Қоҳир Расулзода ба Кувайт сафар мекунад
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик ба Кувейт сафар хоҳад кард. Дар ин сафар қарор аст, барномаи рушди гардишгарӣ миёни ду кишвар барои давраи 2020 то 2023 ба тасвиб расад

 Бино бар гузориши Авесто, ин хабар дар пайи дидори ахири Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо мақомоти баландпояи ин кишвар эълом шудааст.

Дар дидорҳои ҷудогонаи сафири Тоҷикистон бо Алӣ Сулаймон ал Саъид, муовини вазири хориҷа ва Юсуф Мустафо Абдуллоҳ, муовини вазири иттилооти Кувайт, тарафҳо зимни баррасии раванди ҳамкориҳои кунунии Тоҷикистон ва Кувайт бар зарурати густариши ин ҳамкориҳо дар оянда таъкид карданд.

Зимни дидору гуфтугуҳо ҳамкорӣ дар бахши гардишгарӣ аз мавзуоти меҳварӣ буд.

Қарор аст, дар сафари нахуствазири Тоҷикистон ба Кувайт барномаи рушди гардишгарӣ миёни ду кишвар барои давраи 2020 то 2023 ба тасвиб расад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий