< Раҳмон Қонуни афвро имзо кард: 20 ҳазор зиндонӣ бахшида мешаванд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон Қонуни афвро имзо кард: 20 ҳазор зиндонӣ бахшида мешаванд

Раҳмон Қонуни афвро имзо кард: 20 ҳазор зиндонӣ бахшида мешаванд
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба Қонуни афв имзо гузошт. Ҳамакнун 20 ҳазор зиндонӣ ба озодӣ мебароянд

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон пас аз тасдиқ шудани қонуни афв аз ҷониби парлумони кишвар онро имзо кард.

Маврид ба зикр аст, ки қонуни мазкурро раисҷумҳури Тоҷикистон дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи  Тоҷикистон рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  пешниҳод шуда буд.

Ҳамакнун бо имзо шудани қонуни мазкур дари маҳбусхонаҳо ба рӯи 20 ҳазор маҳбус боз хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки қонуни афв нисбати 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ мегардад. Аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.

Зимнан, мақомоти дахлдори кишвар  бояд дар мӯҳлати ду моҳ қонунро пурра татбиқ намуда, ба раисҷумҳури Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий