< Раҳмон гуфт, сарулибосаш хориҷист: супориш барои ислоҳи вазъ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон гуфт, сарулибосаш хориҷист: супориш барои ислоҳи вазъ

Раҳмон гуфт, сарулибосаш хориҷист: супориш барои ислоҳи вазъ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба либосҳои худ ва мансабдорону тоҷирони кишвар гуфт, сарулибоси ҳамаи мо хориҷист

 Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, таъминот бо либоси худӣ дар сурати тавлиди матоъҳо дар кишвар имконпазир мешавад ва супориш дод, ки барои коркарди пурраи нахи пахта чораандешӣ шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта ба Даврон Ахмедов, соҳибкор аз Суғд, ки соли равон 2 корхонаи саноатиро фаъол кард, тавсия дод, ки бозорро омӯзаду ҳисоб кунад ва дар оянда тавлиди матоъро низ роҳандозӣ намояд.

“Сару либоси мо ҳамааш аз хориҷа аст. Чаро аз худамон накунем? Матоъро тайёр кунем, мешавад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни ишора ба либоси худу дигарон.

Раисиҷумҳур дар ҳузури кормандони соҳаи саноати кишвар аз Ахмедов тавсиф кард, ки ҳамагӣ 37 сол дораду аллакай ду корхонаи саноатиро фаъол карда, сеюмро сохта истодааст. Ӯ таъкид намуд, ки соҳибкор бидуни кумак бо ҷалби сармояи мустақим ва ташкили корхонаи муштарак фаъолияташро роҳандозӣ намудаст.

Даврон Ахмедов соли равон дар ноҳияи Спитамен корхонаи тавлиди равғани растанӣ ва ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи ресандагиро фаъол кард. Ӯ ба раисиҷумҳур гузориш дод, ки аллакай ба бунёди марҳилаи дигари корхона оғоз карда, ният дорад, ҳаҷми коркарди пахтаро то 5 ҳазор тонна расонад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки мақомдорони давлатӣ барои соҳибкорон дар масъалаи роҳандозии истеҳсолот ҳамаҷониба мусоидат кунанд.  

Комментарии (0)

Оставить комментарий