< Дороиҳои сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон аз кадом ҳисоб? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дороиҳои сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон аз кадом ҳисоб?

Дороиҳои сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон аз кадом ҳисоб?

Ҳусейнов Бедил Ҷумъахонович, собиқ корманди раёсати андози вилояти Суғд, ки аз 15 июли соли 2019, инак се моҳ боз дар мақоми сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон фаъолият дорад, бо онки маоши расмиаш чизе бештар аз 1000 сомонист, тавонистааст дар кӯчаи Н.Раҷабов (собиқ Энгелс), хонаи №73-и шаҳри Бӯстон чор ҳавлиро як карда, барои худ як қасри муҳташам бисозад. Ӯ ҳамчунин бо вуҷуди маоши ночизаш мошини гаронбаҳои "Тойота Камри” бо рақамҳои низ "крутой”-и 0005 YО 01 ТҶ 01-ро саворӣ мекунад. Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи "Ахбор”, манбаи ин зиндагии дакаданги сардори нозироти андози Бӯстон "доля”-ҳоест, ки ӯ ба гардани соҳибкорони ин шаҳр бастааст ва аз ҷумла аз чанд мағоза ҳар моҳ 10 ҳазор сомонӣ "ҳақ” меситонад.

Ибтидо ба идораи сомонаи "Ахбор” як гуруҳи соҳибкорон аз шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд муроҷиат карда, изҳор доштанд, ки аз "ҳақ”-ситонии сардори нави нозироти андози ин шаҳр ба ҷон омадаанд.

Ҳусейнов Бедил Ҷумъахонович, санаи таваллудаш 12 январи соли 1969, зодаи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ)-и вилояти Хатлон, сокини шаҳри Бӯстон, кӯчаи Н.Раҷабов (собиқ Энгелс), 73, ки қаблан дар раёсати андози вилояти Суғд фаъолият мекард, 15 июли соли 2019 бо фармони раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон таъйин шуд.

Ба гуфтаи соҳибкорон, Бедил Ҳусейнов баробари таъйин шуданаш ба ин мақом, ба "доля” бастани соҳибкорон сар кард ва инак се моҳ боз аз ҳар соҳибкоре, ки дар ҳудуди шаҳри Бӯстон фаъолият мекунад, як маблағи муайянро ҳамчун пора мегирад. Онҳо мегӯянд, "ҳақ”-и Ҳусейнов ҳар моҳ ба вай тавассути кормандаш Болтуев Муминҷон расонда мешавад.

Ба сомонаи "Ахбор” рӯйхаттеро ҳам фиристоданд, ки дар он "доля”-и сардори нозироти андоз аз бархе соҳибкорони шаҳри Бӯстон мушаххас нишон дода шудааст:

-аз мағозаи фурӯши пойафзоли «Вербано» бозори «Сомон»-и шахри Бустон ҳар моҳ 10.000 смн.
-аз мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока Бозори Помир Эргаш ва бародараш ҳар моҳ 10.000 смн.
-аз мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока Бозори Помир Умарҷон ҳар моҳ 10.000 смн.
-аз мағозаи «Самарқанд»-и шаҳри Бӯстон барои дароз кардани муҳлати супоридани маблағи андоз 13 адад яхмоси российский барои ҷиянҳои аз вилояти Хатлон омадааш.
-барои надоштани иҷозатнома аз корхонаи коркарди оҳан, воқеъ дар пушти бинои ҳаммоми
«Мусафо» 12.000. смн
-аз ҳар як соҳибкори бозори «Саховат»-и шаҳри Бӯстон, аз «ӯзбекбозор» ҳар моҳ 1.000 смн.

Ба гуфтаи соҳибкорон, онҳо талаби 13 яхмос барои меҳмонони Ҳусейнов Бедилро махсус дар ин рӯйхат овардаанд, то нишон бидиҳанд, ки чашми тамаъи ин мансабдори баландпоя аз ҳеҷ чиз, ҳатто аз чанд бастаи яхмос ҳар рӯ намегардонад.

Манобеи сомонаи «Ахбор» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар суҳбатҳо ба шарти набурдани номашон тасдиқ карданд, ки нисбат ба Бедил Ҳусейнов бо гумони порахӯрӣ дар дасти мақомот асноди фаровоне вуҷуд дошт, вале ӯ тавонист тавассути пуштибонҳои пурнуфузаш дар ҳукумат ба мансаби боз баландтар – сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон - даст биёбад. Яке аз ҳамсуҳбатони «Ахбор» гуфт: «Вақте шумо нисбат ба як мансабдори дасташ қалб маводи зиёд ҷамъ мекунеду мебинед, ки вайро баракс вазифаи баландтар додаанд, дасту дили одам ҳам аз кор хунук шуда, умедаш нисбат ба тантанаи адолат ба хок яксон мешавад. Ин дуруст ҳолатест, ки дар мавриди Ҳусейнов Бедил мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд рӯбарӯ шуданд ва коре аз дасти мо наомад.»

Ба дасти сомонаи «Ахбор» як санади коркарди фаврӣ (оперативӣ) нисбат ба Ҳусейнов Бедил низ расид, ки дар он ин мансабдори баландпоя ҳамчун порахӯр тасвир шудааст. Дар ин санад, ки зоҳиран замони дар раёсати андози вилоят кор кардани Ҳусейнов навишта шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад: «Корманди андоз дар вилояти Суғд Ҳусейновв Бедил, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Бӯстон, кӯчаи Н.Раҷабов (Энгелс), ҳавлии №73 бо сӯиистифода аз мансаб ба гирифтани пора машғул мебошад. Ҳусейнов Б., зодаи вилояти Хатлон се маротиба оиладор шуда, ҳамсари якумаш зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳамсари дуюмаш хешованди яке аз шахсиятҳои олиқадр буда, айни ҳол бо як зани миллаташ ӯзбек ҳамзистӣ дорад. Аз рӯи маълумот, номбурда доимо дар вазифаҳои садоратӣ фаъолият бурда, бо сӯиистифода аз мансаб ба гирифтани пора машғул гашта, аз ҳисоби даромадҳои муфт дар кӯчаи Энгелс чор ҳавлии истиқоматиро харидорӣ карда, як хонаи замонавии боҳашамат сохтмон карда истодааст.»

Ҳамсуҳбатони «Ахбор» дар мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, ки хонаи сохтаи Ҳусейнов Бедил дастикам 200 ҳазор доллар нарх дорад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи май даряк мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон башиддат аз даромадҳои муфти бо роҳҳои ғайриқонунӣ бадастовардаи бахусус кормандони гумруки андоз интиқод кард ва ҳатто ҳушдор дода буд, ки омода ҳаст, қасру кӯшкҳои онҳоро дар телевизион намоиш диҳад: "Дараи Ромит меравед, ин қаср аз кӣ аст, аз фалон корманди гумрук. Дар Қаротоғ қатор-қатор қасрҳо, аз кӣ аст, аз кормандони гумрук. Дар Варзоб аз кӣ аст, аз кормандони гумрук. Ягонтоат бекас нестед. Вазорати маориф ё иқтисод касе кор намеравад. Раиси шаҳру ноҳия мекобем, кадр нест. Барои кор дар гумруку андоз – навбат! Ман назорат мекунам. Агар даркор шавад, ҳамин бегоҳ дар телевизион тамошо мекунед, ки қасрҳои кист? Мошинҳои кист? Нишон тиям? Сарвазир Қоҳир Расулзода, Комиссияи аттестатсионӣ сохта, тамоми ин сохторҳоро аз элак бехтан даркор аст! Моликияташонро декларатсия кунанд. То хусуру хушдоманҳояшон! Бо як фармон ҳамаатро ҷавоб медиҳам!”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, аз кормандони андоз бо як лаҳни тунд интиқод кард ва гуфт, ки мардумро ба ҷон расондаанд: "Масъала дар интихоб ва ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аст. Кадрҳо на аз лиҳози касбият, фақат аз лиҳози кӣ хешу табори кӣ аст, таъйин карда мешаванд. Маълумоташро ҳам нигоҳ намекунанд, саводашро ҳам намепурсанд. Ва мисле ки дар ноҳияи Шаҳритӯс партофтанд ахиран дар Интернет. Тамошо кардед? Корманди андоз ба ҷони мардум расидагӣ!”

Баъди он суханронии пуринтиқоди президент як шумори бузурги кормандони баландпояи Кумитаи андоз, бо шумули муовинони раиси ин кумита ва сардорони нозироти андоз дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳо аз мақомҳояшон барканор карда шуданд, вале мисоли Бедил Ҳусейнов нишон медиҳад, ки аз иваз шудани ҷои ҷамъшаванда ҳосили ҷамъ иваз нашудааст...




4 та ҳавлия якта карда,нархи умумиаш 200.000.ҳазор доллари ИМА.Дастуру супориши Президент барои ин афрод ҳеҷ чиз аст,қайд кунед ин ҳолата.Мардум ба дод омадагӣ,соҳибкорон
Андоза бисёр супор гуфта соҳибкороя маҷбур карда истодааст
Мирзо привет
Это мой источник отправил
Шаҳри Бустон,кучаи Энгелс,71 дар сурат.Дар вазифааш аз 15.07.2019 сол фаъолият мекунад
12.01.1969
Сардори нозироти шахри Бустон, Хусейнов Бедил Чумахонович зодаи нохияи Московсикй
вилояти Хатлон, истикоматкунандаи шахри Бустон,кучаи Энгелс тули 4 мох фаъолият карда,
худашро хешу табори собик раиси шахри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев муарифи намуда аз тамоми сохибкорони шахри Бустон тавассути кормандаш Болтуев Муминчон маблагхои муайян ба сифати пора мегирад.

Акси №1. Автомашинаи тамѓаи «Тойота-Кемри» аломати қайди давлатиаш 0005
YО 01 ТҶ 01 таҳти идоракунии сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон
Ҳусайнзода Бедил Ҷумахон 12.01.1969 соли таваллудаш,зодаи вилояти
Хатлон,н.Московский, истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон,кӯчаи Энгелс,ҳавлии
71,ки дар назди бинои маъмурии "Нозироти андоз”-и шаҳри Бӯстон ба муқобили
роҳи мошингард боздоштааст.

Сарчашма: https://akhbor.com/-p10299-167.htm?fbclid=IwAR3aT0f5ACfR1rLVln_3S2AT8Jytf1UMcwo572CufX2yCCzP274ZUcu5zX8

Комментарии (0)

Оставить комментарий