Нигаронии Раҳмон аз дониши пасти мутахассисони соҳаи саноат ва супориш ба ҳукумати кишвар

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз омода намудани мутахассисони ин соҳаи дар кишвар изҳори норизоятӣ кард ва ба ҳукумати кишвар супориш дод, барномаи омода намудани мутахассисони бахшҳои мухталифи саноатро таҳия ва амалӣ намояд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни мулоқот бо кормандони соҳаи санот таъкид дошт, ки бидуни мутахассисони кордон истеҳсол кардани маҳсулоти рақобатпазир ғайриимкон мебошад ва ин вазъро дар мисоли корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи кишвар дидан мумкин аст.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки низоми омода намудани мутахассисони соҳаи саноат дар кишвар беҳбудиро талаб менамояд.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар супориш дод, ки барномаи омода намудани мутахассисони бахшҳои мухталифи саноат, алалхусус, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳоро таҳия ва амалӣ намояд.
“Ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав нақшаҳо ва барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишварро аз нуқтаи назари эҳтиёҷот ба касбҳои зарурӣ таҷдиди назар карда, ҷиҳати омода намудани мутахассисон бо дарназардошти соҳаҳои афзалиятнок ва дурнамои саноат чораҳои мушаххас андешанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбарияти вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд, супориш дод бояд ҳамкориро бо корхонаҳои истеҳсолии кишвар барои омода намудани мутахассисон тариқи шартномавӣ тақвият дода, барномаҳои таълимии худро такмил диҳанд.
Комментарии (0)