< ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ
03.10.2019 гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Муродов Аюбҷон Наҷмиддинович 1984 с/т истиқоматкунандаи кӯч.1-ум гузаргоҳи Мирзобек х.27, аввалҳои соли 2015 ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуда, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ” шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Баъдан, шаҳрванд Муродов А.Н. мақсади ба давлати Сурияи Араб рафта, дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии Ҳукумати давлати Сурия иштирок намуданро кардааст. Санаи 09.11.2015-сол, шаҳрванд Муродов А.Н. ҳангоми ба давлати Сурия сафар намудан, дар гузаргоҳи сарҳадии Газиантепаи Ҷумҳурии Туркия аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқии Ҷумҳурии Туркия дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Муродов А.Н. аз тарафи Прокуратураи Генералии ҶТ бо моддаи 32 қ.3, 401 прим 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. 

03.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Мансуров Ёқубҷон Сулаймонович 1997 с/т истиқоматкунандаи ҷ/д А.Ҳасанов, деҳ. Файзбахш аввалҳои соли 2015 бо мақсади муҳоҷират ба Ф.Руссия рафта, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш тавассути шабакаҳои интернетии “Однокласники” ва “Фейсбук” мунтазам бо аъзоёни фаъоли ташкилоти террористии «Давлатии Исломӣ» дар ҷараён шуда, ғоя ва мақсадҳои онро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Сипас, бо мақсади иштирок намудан дар амалиётҳои ҷангӣ ҳамроҳи падараш, Мансуров Сулаймон Сайдаҳмадович охирҳои соли 2015 тавассути хатсайри “Москва-Истамбул” ба Ҷумҳурии Туркия ва аз он ҷо ба давлати Сурияи Араб рафта, то ҳол дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии Ҳукумати давлати Сурия иштирок намуда истодааст. Нисбати шаҳрванд Мансуров Ё.С. аз тарафи Прокуратураи Генералии ҶТ бо моддаи 401 прим 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад. 

03.10.2019 гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Мансуров Абдураҳим Сулаймонович 1995 с/т истиқоматкунандаи ҷ/д А.Ҳасанов, деҳ. Файзбахш аввалхои соли 2015 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ф.Руссия рафта, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш тавассути шабакаҳои интернетии “Однокласники” ва “Фейсбук” мунтазам бо аъзоёни фаъоли ташкилоти террористии «Давлатии Исломӣ» дар ҷараён шуда, ғоя ва мақсадҳои онро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Сипас, бо мақсади иштирок намудан дар амалиётҳои ҷангӣ ҳамроҳи падараш, Мансуров Сулаймон Сайдаҳмадович, охирҳои соли 2015 тавассути хатсайри “Москва-Истамбул” ба Ҷумҳурии Туркия ва аз он ҷо ба давлати Сурияи Араб рафта, то ҳол дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии Ҳукумати давлатии Сурия иштирок намуда истодааст. Нисбати шаҳрванд Мансуров Ё.С. аз тарафи Прокуратураи Генералии ҶТ бо моддаи 401 прим 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад. 

03.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Раҳматуллоев Файзулло Абдуллоевич 1973 с/т истиқоматкунандаи ҷ/д, Н.Розиқ, кӯч. Зарафшон х.2, аввалҳои соли 2015 маротибаи охирин бо мақсади муҳоҷиратӣ меҳнатӣ ба ш.Москва Ф.Р. рафта, ҳангоми дар онҷо қарор доштанаш аз тарафи аъзоёни ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ» ҷалб гардида, ақида ва ғояҳои ин ташкилотро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Сипас, бо мақсади дастгирӣ намудани аъзоёни ташкилоти террористӣ тавассути корти пардохти бонкии «Сбербанк» ба микдори 64.000-ҳазор рубли Федератсия Руссияро ба ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ» интиқол дода маблағгузорӣ намудааст. Шаҳрванд Раҳматуллоев Ш.А. айни замон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор дорад. Нисбати шаҳрванд Раҳматуллоев Ф.А. аз тарафи Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ бо моддаҳои 401 иловаи 1, 179 иловаи 2 қ1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий