< СӮИҚАСДИ ТАҶОВУЗ БА НОМУС » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СӮИҚАСДИ ТАҶОВУЗ БА НОМУС

СӮИҚАСДИ ТАҶОВУЗ БА НОМУС
28.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Баротов Барот Одилович 1961 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Сӯзангарон х.4 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 28.09.2019 сол тахминан соати 16.40-дақиқа дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди бозори марказии ш.Панчакент бо шаҳрванд Норматова Азизой Тутаевна 1974 с/т, миллаташ ӯзбек, соҳибкори инфиродӣ, истиқоматкунандаи ҷ/д Х.Ҳасан, деҳ. Наврӯзтеппа вохӯрда, бо баҳонаи харидорӣ намудани меваи ангур ба ҳавлии истиқоматиаш оварда, бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ, бо истифодаи зӯроварӣ бо корди хоҷагии дар дасташ буда ӯро таҳдид намуда, либосҳояшро кашида, кӯшиши алоқаи ҷинсӣ намуданро кардааст. Шаҳрванд Норматова А.Т. доду фиғон бардошта, муқобилият нишон додааст. Бинобар ин, шаҳрванд Баротов Б.О. ҷинояти худро ба охир нарасонидааст. Нисбати шаҳрванд Баротов Б.О. парвнадаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қ.3 ва 138 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Манбаъ: ВКД

Комментарии (0)

Оставить комментарий