< ШУМО ҲАМААТ ТЕРРОРИСТЕД! – КӢ ТОҶИК КУШТ? МО Ё ТУ? БАҲСИ ТУНДИ МУЛЛО АБДУРАҲИМ БО АЪЗОИ “ГУРУҲИ 24” ДАР ВАРШАВА (ВИДЕО) » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ШУМО ҲАМААТ ТЕРРОРИСТЕД! – КӢ ТОҶИК КУШТ? МО Ё ТУ? БАҲСИ ТУНДИ МУЛЛО АБДУРАҲИМ БО АЪЗОИ “ГУРУҲИ 24” ДАР ВАРШАВА (ВИДЕО)

ШУМО ҲАМААТ ТЕРРОРИСТЕД! – КӢ ТОҶИК КУШТ? МО Ё ТУ? БАҲСИ ТУНДИ МУЛЛО АБДУРАҲИМ БО АЪЗОИ “ГУРУҲИ 24” ДАР ВАРШАВА (ВИДЕО)

Раҳим Каримов (Мулло Абдураҳим), ки аз номи "ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон” дар анҷумани солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар шаҳри Варшава иштирок дорад, дар яке аз роҳравҳои маҳалли баргузории ин анҷуман бо намояндагони созмони оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24” вориди баҳси гарме шуд. Мулло Абдураҳим гаштаву баргашта аъзои "Гуруҳи 24”-ро "шумо террористед ҳамаатон!” мегӯяд, вале намояндагони "Гуруҳи 24” ба ӯ мегӯянд: "Мо террористем ё ту? Кай мо яроқ гирифтем? Худат набудӣ, ки яроқ гирифта будӣ ва тоҷик мекуштӣ?”

Мулло Абдураҳим дар ҳошияи анҷумани солонаи САҲА дар Варшава бо чанд нафар аз намояндагони созмони оппозитсионии "Гуруҳи 24”, бахусус бо Акмал Астанаев вориди баҳси гарме шуд.

Мулло Абдураҳим: Ту террорист, террорист, шумо террористед!
Акмал Астанаев: Автоматро ту гирифтию ҷанг кардӣ ё ман ҷанг кардам?

Мулло Абдураҳим: Ман ҷанг кардагиам.
Акмал Астанаев: Маро чаро террорист мегӯӣ? Ман ба фарқ аз худат автомат нагирифтам, ҷанг накардам.Ҷанг кардӣ? Тоҷик куштӣ? Автомат гирифтӣ? Тоҷик куштӣ?

Мулло Абдураҳим: Не, накуштам.
Акмал Астанаев: Барои чӣ автомат гирифтӣ?

Мулло Абдураҳим: Барои онки дар наҳзат аҳмақ шудем мо. Қатӣ террористҳо як шудем, террористҳо яроқамон доданд. Бас кардам, тавба кардам, узр пурсидам дар пеши миллат.
Акмал Астанаев: Тоҷик куштӣ?

Мулло Абдураҳим: Ҳов... Не, накуштам.
Акмал Астанаев: Ҳов мегӯяд. Тоҷик куштааст.

Мулло Абдураҳим: Тоҷик куштагӣ нестам. Шумо террористед, шумо куштед одамонро! Ҳоҷӣ Ҳалим яроқ гирифт, одамонро кушт. Эшони Ҷунайд. Эшони Ҷунайд. Эшони Ҷунайд. Эшони Ҷунайд...
Акмал Астанаев: Мо ҳаракати сиёсии "Гуруҳи 24”-ем.

Мулло Абдураҳим: Гапро бисёр кардӣ! Шумо ҳамаат террористед! Террористҳо! Террористҳо! Террористҳо! Террористҳо! Террористҳо! Террористед шумо, террорист! Ҳоҷӣ Ҳалим, ту, Эшони Ҷунайд, ҳамаатон террористед!
Акмал Астанаев: Исбот кун!

Мулло Абдураҳим: Исбот? Ҳоҷӣ Ҳалим хест?
Акмал Астанаев: Ҳоҷӣ Ҳалим қатӣ ту буд!

Мулло Абдураҳим: Қатӣ ту буд! Ту будӣ, ки хестӣ, қатӣ террористҳо якҷоя шудӣ. Соли 2015 боз хостед, ки миллатро ба по бихезонед. Соли 92 басиатон накард.
Акмал Астанаев: Соли 92 мо ҷанг кардем ё ту?

Мулло Абдураҳим: Шумо ҳамаат террорист! Ҳоҷӣ Ҳалим террорист, Кабирӣ террорист, Эшони Ҷунайд террорист, Мулло Умар террорист. Ҳамаат террористед, дар ин ҷо гуреза шудаед.
Акмал Астанаев: О худат ҳам гуреза будӣ, кӯдакони худат ҳам дар Аврупо гурезаанд ку!

Мулло Абдураҳим: Ман ягон вақт гуреза набудам. Онҳо мехонанд, ҳукумати Тоҷикистон иҷозат додагӣ аст, фақат ин ки ба террористҳо ҳамроҳ нашавед мегӯяд. Ман як моҳ пеш рафта хабарашон гирифта будам...
Азбаски баҳс торафт гарму тунд мешуд, як узви дигари ҳайъати Тоҷикистон дар инҷои баҳс Мулло Абдураҳимро аз дасташ гирифта, аз пеши аъзои "Гуруҳи 24” дур бурд.



Сарчашма: https://akhbor.com/-p10183-168.htm

Комментарии (0)

Оставить комментарий