< САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР ДАР ШОҲРОҲИ КУЛОБ ФАРХОР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР ДАР ШОҲРОҲИ КУЛОБ ФАРХОР

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР  ДАР ШОҲРОҲИ КУЛОБ ФАРХОР
21.09.2019 тахминан соати 10.00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», р/д ТҶ 61-59 АС/03 шаҳрванд Бекматов Собир Ҳазратқулович 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Дарқад, деҳ. Шараф, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ш.Кулоб ба самти н.Фархор дар ҳудуди деҳ. Золи-Зарди ҷ/д Деҳқонариқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, р/д ТҶ 42-99 ВА/03 таҳти идораи ронанда, Бурихонов Зувайдулло Мирзосафарович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Восеъ, ҷ/д Тугарак, деҳ. Шобиқа бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофирони а/м тамғаи «Опел-Аста» шаҳрванд Темуров Бурихон Мирзомуродович 1977 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Дарқад, деҳ. Шараф ва хурдсол, Бекматова Ёсамин Собировна 2019 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи а/м тамғаи “Хундай-Портер” шаҳрванд Бурихонов З.М, ронандаи а/м тамғаи “Опел-Астра” шаҳрванд Бекматов С.Ҳ. ва дигар мусофиронаш; Бекматов Сунатулло Усмонович 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Дарқад, деҳ. Шараф, Самиева Фарангиз Сайдуллоевна 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо ва хурдсол, Бекматова Шукрона Собировна 2017 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий