Ноамнӣ дар марз: ин навбат сокинони қирғиз бо низомиёни узбак вориди даргирӣ шуданд

Дар марзи Қирғизистону Узбакистон миёни низомиёни узбак ва сокинони наздимарзии қирғиз муноқиша бархостааст
Дар қисмати сарҳади Қирғизистону Узбакистон дар минтақаи обанбори Керкидан миёни сокинони маҳаллӣ ва артиши Узбакистон муноқиша рух додаст, хабар медиҳад сомонаи Sputn ik Қирғизистон.
Манбаъ меафзояд, дирӯз намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон, ба кашидани симхори сарҳад шурӯъ карданд. Аммо ин иқдоми низомиёни узбак боиси норизогии сокинони наздимарзии Қирғизистон шуд, ки дар натиҷа миёни ду ҷониб муноқиша бархост.
Низомиёни Узбакистон мегӯянд, онҳо дар маконе хостанд симхор гузоранд, ки пас аз созишномаи дуҷониби ба ҳудуди кишварашон дохил мешуд.
Аммо сокинони қирғиз бар инанд, ки макони мазкур то ҳол аломатгузорӣ нашудаст ва онро набояд ҷонибе ба мансубияти кишвари худ шомил кунад.
Зимнан гуфта мешавад, ки пас аз сар задани задухӯрд миёни низомиён ва афроди мулкӣ ба макони даргирӣ ҳокими ноҳияи Араван Қурбонбек Айтибеков ташриф овард.
Хабар дода мешавад, ки мақомоти амниятӣ миёни сокинони ҳар ду тараф корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, таҷаммӯъи мардумро пароканда намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки сар аз 13 то 15- уми сентябр дар робита ба Иди Моҳ дар Чин сарҳади Қирғизистон- Чин масдуд хоҳад шуд.
Комментарии (0)