< Таъмини амнияти минтақаро низомиёни Тоҷикистону Узбакистон бар уҳда мегиранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таъмини амнияти минтақаро низомиёни Тоҷикистону Узбакистон бар уҳда мегиранд

Таъмини амнияти минтақаро низомиёни Тоҷикистону Узбакистон бар уҳда мегиранд
Дар назар аст, ки низомиёни Тоҷикистон ва Узбакистон вазифаҳои таъмини амниятро дар минтақа иҷро намоянд

Нимаи дуюми моҳи равон дар размоишгоҳи "Гурусарой"- и вилояти Намангон, низомиёни ҳарбии Тоҷикистону Узбакистон тамрини муштараки низомӣ баргузор мекунанд.

Бар хабари сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён, машқҳо дар доираи тамринҳои миқёсан васеи стратегии фармондеҳӣ-ситодии "Марказ-2019" баргузор мешаванд. Дар назар аст, ки низомиёни Тоҷикистон ва Узбакистон вазифаҳои таъмини амниятро дар минтақа иҷро намоянд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни машқҳои муштарак малакаҳои ҳамгироии қӯшунҳо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, инчунин малакаҳои пешбурди амалиёти иктишофӣ-ҷустуҷӯӣ ва дифоӣ такмил дода мешаванд.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, моҳи август қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаҳои кӯҳӣ машқҳои муштараки зиддитеррористӣ баргузор карданд. Машқҳо дар Тоҷикистон ва дар водии Фарғонаи Ӯзбекистон баргузор шуданд.

Ба гуфтаи Ориф Нозимиён, бори аввал дар солҳои соҳибистиқлолӣ машқҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон соли гузашта дар шаҳраки Чорухдараи вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шуда буданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий