< ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ
04.09.2019  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Қурбонов Ҷамшед Баротович 1982 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д 50-солагии Тоҷикистон, деҳ.Пахтакор соли 2013 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ф.Россия рафта, ҳангоми дар он ҷо қарор дошташ тавассути шахсони номаълум бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “ДИИШ” шинос шуда, онро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Сипас, шаҳрванд Қурбонов Ҷ.Б. қасдан нияти ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан ва дар якҷоягӣ бо аъзоёни ташкилоти террористии мазкур “ҷиҳод” намуданро карда, баҳри амалӣ намудани нияти ғаразноки худ, санаи 27.11.2014-сол тавассути хатсайри “Домодедова-Отатурк” ба Ҷумҳурии Туркия парвоз намуда, аз он ҷо бо роҳи ба тафтишот номаълум ба ҳудуди Ҷумҳурии Сурияи Араб рафта, ба сафи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии “ДИИШ” шомил шуда, то ҳол дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии ҳукумати давлати Сурия иштирок намуда истодааст. Нисбати шаҳрванд Қурбонов Ҷ.Б. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий