< ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ
03.09.2019  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Муҳаммадҷони Амиралӣ 2000 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Боғгаӣ, деҳ. Навбаҳор, бо ҳамроҳии волидон ва дигар аъзоёни оилаашон санаи 05.09.2014 сол аз ш.Душанбе ба ш.Истамбули Ҷумҳурии Туркия парвоз намудаанд. Номбурда, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш,   бо ҳамроҳии падараш,  Давлатов Амиралӣ Мирзоалиевич 1973 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ки  (нисбаташ бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи прок.ноҳия  оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад), бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ”, шинос шуда,   онро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Баъдан, шаҳрванд Муҳаммадҷони А. соли 2015 бо дигар аъзоёни оилаашон бо мақсади “Ҷиҳод” кардан ба Ҷумҳурии Арабии Сурия рафта, дар он ҷо машқҳои ҳарбӣ ва дарсҳои ғояви гузашта, соли 2017 ба ташкилоти мазкур шомил гашта, то ин ҷониб дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии Ҳукумати давлати Сурия иштирок намуда истодааст. Нисбати шаҳрванд Муҳаммадҷони  А. аз тарафи прокуратураи н.Данғара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи  401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий