
29.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Носиров Муҳаммадихуҷа Рузибоевич 1999 с/т, истиқоматкунандаи н.Ҷ.Балхӣ, ҷ/д Хелевар дех. Ленин, санаи 22.06.2019 сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш. С.Петербурги ФР рафтааст. Номбурда, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш ба ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремисти-терористии “Давлати Исломӣ” шинос шуда онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Баъдан, шаҳрванд Носиров М.Р. бо роҳи ба тафтишот номаълум ба Ҷумҳурии Туркия ва аз он ҷо ба давлати Сурия рафта, то ҳол дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии ҳукумати конститутсионии давлати Сурия иштирок намуда истодааст. Нисбати шаҳрванд Носиров М.Р. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)