
28.08.2019 сол, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ноболиғ, Раҳимҷони Рустам 2003 с\т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ\ш Ҳулбук, кӯч. Р.Ҳилолӣ х.3, ҳ.7, аз ҷониби волидайнаш, Саидов Рустам Султонович 1973 с/т ва Тағоева Нодира Малаховна 1978 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ки ба гурӯҳӣ ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ», ки мақсадашон сарнагун сохтани сохти конститутсионии тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла ҶТ ва дар заминаи он барпо намудани давлати ягонаи «Хилофат» мебошад, шомил шуда, санаи 03.05.2015 сол бо мақсади ғайриқонунӣ иштирок намудан дар воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ ба давлати Сурия рафта, то ҳол дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии ҳукумати конститутсионии давлати Сурия иштирок намуда истодааст. Нисбати ноболиғ Раҳимҷони Р. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)