< Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири кулли Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ мулоқот намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири кулли Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ мулоқот намуд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири кулли Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ мулоқот намуд
27 август дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Раис ва Мудири кулли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфт. 

Дар мулоқот масъалаҳои фаъолияти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардида, роҷеъ ба нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа ва тадбирҳое, ки дар мамлакат бобати фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти расонаҳо андешида мешаванд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни таъкид бар зарурати риояи озодии сухан ва матбуот ба масъулияти расонаҳо дар ҳифзи сулҳу оромӣ дар ҷомеа ишора намуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий