ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР АМАЛИЁТҲОИ ҶАНГӢ
22.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ризоев Айниддин Мусоевич 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Ғарм, кӯч. Б.Раҳимзода, соли 2016 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Владимири Ф.Россия рафта, ҳангоми дар онҷо қарор доштанаш бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии “ДИИШ” шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Сипас шаҳрванд Ризоев А.М. бо хатсайри самти “Москва-Теҳрон” ба Ҷ.Исломии Эрон сафар намуда, бо роҳи ба тафтишот номълум ба давлати Сурия рафта, ба сафи аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии “ДИИШ” шомил шуда, то ҳол дар воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ бар зидди қувваҳои мусаллаҳи ҳукумати қонунии давлати Сурияи иштирок намуда истодааст. Нисбати шаҳрванд Ризоев А.М. аз тарафи прокуратураи генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣбо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.22.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ноболиғ Шаҳлои Маҳмадсаид Мирзозода 2003 с/т, миллаташ точик, истиқоматкунандаи н.А.Ҷомӣ, ҷ/д Қ.Ғиёсов, деҳ. Арал, намехонад, аз ҷониби падараш Мириев Маҳмадсаид Абдусамадович 1978 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ки (нисбаташ парвандаи ҷустуҷӯӣ бо моддаи.401 иловаи1 КҶ ҶТ оғоз карда шудааст), ба гурӯҳи ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ», ки мақсадашон сарнагун сохтани сохти конститутсионии тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла ҶТ ва дар заминаи он барпо намудани давлати ягонаи «Хилофат» мебошад, шомил шуда, санаи 21.05.2015 сол бо мақсади ғайриқонунӣ иштирок намудан дар воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ ба давлати Сурия рафта, то ҳол дар лагерҳои ҷангии ин гурӯҳ ба пухтупаз ва шустушӯи либосҳо машғул мебошад. Нисбати ноболиғ Шаҳлои М.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
22.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Маҳмадхоҷаева Тиловатхон Маъруфовна 1979 с/т, миллаташ точик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Ҷ.Расулов х.47, ҳ.2, соли 2013 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москваи ФР рафта, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш, бо шаҳрванд Мириев Маҳмадсаид Абдусамадович 1978 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ки (нисбаташ парвандаи ҷустуҷӯӣ бо моддаи.401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шудааст), шинос шуда, бо тариқи мусулмони ақди никоҳ баста,дидаву дониста ба гурӯҳӣ ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ», ки мақсадашон сарнагун сохтани сохти конститутсионии тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла ҶТ ва дар заминаи он барпо намудани давлати ягонаи «Хилофат» мебошад, шомил шуда, санаи 21.05.2015 сол бо мақсади ғайриқонунӣ иштирок намудан дар воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ ба давлати Сурия рафта, то ҳол дар лагерҳои ҷангии ин гурӯҳ ба пухутпаз ва шустушӯи либосҳо машғул мебошад. Нисбати шаҳрванд Маҳмадхоҷаева Т.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)