Хуҷа-командир аз боздоштгоҳи Дубай озод шуд

Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб шаби 22 август собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ, ки дар шаҳри Дубай дар боздошт қарор дошт, раҳо намуданд
Аз боздоштгоҳи шаҳри Дубай собиқ фармондеҳи машҳури Фронти халқӣ Хӯҷа Каримов, маъруф ба Хӯҷа - командир озод шуд.
Бар хабари манбаъ, Хӯҷа ва муҳофизи ӯ аз боздоштгоҳ раҳо шуданд ва феълан дар манзили зисти вай дар Дубай қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки Хӯҷа Каримов ва муҳофизи ӯ рӯзи 30 июли соли равон дар шаҳри Дубай бар асоси руйхати Интерпол бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт гардиданд.
Дар Тоҷикистон Каримов ба ҷиноятҳо зидди ҳаёт ва саломатии инсонҳо, одамрабоӣ, ҷиноятҳои созмондодашуда ва фаромиллӣ, куштор ва ғоратгарӣ низ айбдор мешавад.
Вай инччунин дар қатли ду вакили парлумони Тоҷикистон Саидшо Шоев бо бародараш ва Тағай Шукуров айбдор мешавад.
Зимнан маврид ба зикр аст, ки пас аз боздошт гардидани Хӯҷа - командир дар Дубай як гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат ба мақсади истирдоди Хӯҷа Раҳимович Каримов рӯзи 5 август озими Дубай шудааст
Хӯҷа-Командир аз соли 2008 таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.
Комментарии (0)