< ДАҲШАТ! КУШТОРИ ВАҲШИЁНАИ НОБОЛИҒ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДАҲШАТ! КУШТОРИ ВАҲШИЁНАИ НОБОЛИҒ

ДАҲШАТ! КУШТОРИ ВАҲШИЁНАИ НОБОЛИҒ
20.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ Усмонзода Беҳрӯз 2002 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи маҳ. Шарифобод, намехонад, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 05.05.2019 сол тахминан соати 16.00-дақиқа аз сабаби муноқишаи ба миён омада, дар ҳудуди “Пансионати муолиҷавии “Қаратоғ”, бо ноболиғ Абдуллоев Исмоилҷон Ҷамшедович 2005 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Муҳаммадиев х.18, ҳ.58, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №89-и ш.Душанбе, ҷангу ҷанҷол намуда, бо санг чанд маротиба ба сар, ҷоғ ва тамоми узвҳои бадани номбурда зада ӯро ба чуқурии бетонӣ партофтааст. Дар натиҷа ноболиғ Абдуллоев И.Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати шаҳрванд Усмонзода Б. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий