Тирпарронӣ, боздошт ва зиндон: ду рӯзи Отамбоев дар як Видео

Отамбоев собиқ президенти Қирғизистон танҳо пас аз кғшиши дуюми мақомоти қудратӣ барои боздошти ӯ, паси панҷара рафт
Бегоҳи 7- уми август дастаи таъиноти махсус барои боздошт намудани собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба бошишгоҳи ӯ зада даромаданд, аммо зуд ноком шуданд.
Зеро ҷонибдорони Отамбоев барои боздошт шудани ӯ муқобилият нишон дода бо низомиёни дастаи таъиноти махсус вориди даргир шуданд.
Дар натиҷа бар асари тирпарронӣ дасти кам як нафар ҳалок ва даҳҳо тани дигар ҷароҳатдор шуда ба бемористон интиқол дода шуданд.
Маъмурони амниятӣ танҳо дар рӯзи дуюми амалиёт тавонистанд Отамбоевро боздошт кунанд, зеро худи ӯ ба маъмурони милитсия таслим шуд.
Феълан Отамбоев то 26- уми август дар боздоштгоҳ мемонад ва алайҳи ӯ тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Комментарии (0)