Амалиёти махсус барои боздошти Отамбоев. Захмиҳо ҳастанд
Нерӯҳои махсуси Қирғизистон рӯзи 8-уми август ба хонаи президенти пешин Алмосбек Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош рафтанд. Маълум нест, ҳузури онҳо ба маънои боздошти ӯст, ё кӯшише барои ҳозир карданаш ба бозпурсӣ.Тарафдорони Алмосбек Отамбоев ӯро иҳота карда, монеи амалкарди нерӯҳои махсус мешаванд. Дар ин ҳодиса захмиҳо ҳастанд, вале шумораашон дақиқ нест. Яке аз маҷруҳон хабарнигори оҷонси иттилоотии 24.kg Аида Ҷумашева гуфта мешавад. Ба хабари расонаҳо, ӯ аз тири резинӣ ҷароҳат бардоштааст.
Алмосбек Отамбоев се дафъа барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон даъват шуд, вале онҳоро рад кард. Вакили президенти собиқ даъват ба бозпурсии ӯро ғайриқонунӣ номид ва пешниҳод кард, ки нафари зери ҳимояташ ба суоли муфаттишон хаттӣ ҷавоб гӯяд. Ин пешниҳоди ӯ қабул нашуд.
Раиси ҷумҳури пешин дар парвандаи озодшавии Азиз Батукаев дар соли 2013 ба ҳайси шоҳид муаррифӣ шудааст.
Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум кард.
Ҳайате бо роҳбарии Алмосбек Отамбоев рӯзи 24-уми июл аз пойгоҳи низомии Канти он кишвар ба Русия рафт. Отамбоев дар шаҳри Маскав бо Владимир Путин мулоқот кард.
Дертар хадамоти матбуотии президенти Русия иттилоъ дод, ки Владимир Путин Отамбоевро ба ҳузур пазируфтааст. Путин гуфт, "Қирғизистон ба суботи сиёсӣ ниёз дорад ва ҳамаи шаҳрвандон бояд дар атрофи президенти феълӣ ҷамъ шуда, ба ӯ дар рушди кишвар кумак расонанд".
Худи Отамбоев баъди бозгашт ба Қирғизистон ба рӯзноманигорон гуфт, наметавонист, аз сафар ба Русия худдорӣ кунад, зеро президенти Путин чанд дафъа ӯро ба мулоқот даъват карда буд.
"Вай нигарони Қирғизистон аст, шумо изҳороти ӯро шунидед. Нигарон аст, ки мабодо бори севум инқилоб сурат гирад. Ман ба вай гуфтам, ки инқилобро ҳамеша ҳукуматҳо анҷом медиҳанд. Мардум аз ночорӣ ба кӯча мебароянд", -- гуфт Отамбоев.
Президенти пешини Қирғизистон барои фишороварӣ ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек гумонбар мешавад. Вале худи Отамбоев гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад ва парвандаи ҷиноии алайҳи ӯ "хаёлпардозӣ" аст ва ба ҳақиқат рост намеояд.
Отамбоев барои ба сари қудрат омадани президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков кумак кардааст, вале баъди интихобот равобити онҳо бад шуд ва мунтақидони Отамбоев дар ҳукумат ва порлумон ба маҳрум кардани президенти собиқ аз масуният, иқдом карданд. Отамбоев гуфтааст, то охир аз ҳаққи худ дифоъ мекунад.
OZODI
Комментарии (0)