< ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ

ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ
02.04.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Холйигитов Рауфҷон Узоқбоевич 1980 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Истиқлол, деҳаи Сафедтеппа, кӯчаи М.Алиматов х.63, моҳи марти соли 2013 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш. Москваи Ф.Россия рафта, бо даъвати рафикаш, Эгамназаров Адҳам Абдулбоқиевич 1986 с/т, миллаташ узбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Истиқлол, деҳаи Сафедтеппа, (ки дар доираи парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ дар кофтукови расмӣ қарор дорад), ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “ДИИШ” шомил шудааст. Баъдан, шаҳрванд Холйигитов Р.У. моҳи сентябри соли 2013 бо роҳи ба тафтишот номаълум ба давлати Туркия ва аз он ҷо ба давлати Сурия рафта, то ҳол дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии ҳукумати конститутсионии давлати Сурия иштирок намуда истодааст. Нисбати шаҳрванд Холйигитов Р.У. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий