< Мирзиёев ба рухсатӣ мебарояд: раисиҷумҳур дар куҷо истироҳат мекунад? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мирзиёев ба рухсатӣ мебарояд: раисиҷумҳур дар куҷо истироҳат мекунад?

Мирзиёев ба рухсатӣ мебарояд: раисиҷумҳур дар куҷо истироҳат мекунад?
Раисиҷумҳури Узбакистон аз рӯзи душанбе ба рухсатӣ мебарояд

 Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз рӯзи душанбе ба рухсатии муваққатӣ мебарояд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии кишвардори Узбакистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Мирзиёев дар давоми рухсатӣ ба хориҷ сафар намекунад.

"Президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз рӯзи 5 августи соли 2019 ба рухсатии муваққатӣ мебарояд", - омадааст дар хабарнома.

Котиботи раисиҷумҳур афзуда, ки Мирзиёев рухсатиашро дар ҳудуди Узбакистон мегузаронад.

Пештар хабар дода шуд, ки Шавкат Мирзиёев ба Белорус сафар карда бо кишвардори ин ҷо Александр Лукашенко дидору мулоқот кардааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий