Музокироти Раҳмон ва Жээнбеков дар Чолпон-Ота

Имрӯз, 27 июл музокироти кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон идома кард
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Иссиқкӯл хайрамақдам гуфта аз музокироти дирӯза изҳори қаноатмандӣ кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон.
"Сафари шумо ба пешравии ҳамкориҳоямон такони дигаре хоҳад бахшид. Мо аз музокироти дирӯза, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд қаноатмандем" , - таъкид кардаст Жээнбеков ва барои истиқболи гарми ҳайати Қирғизистон дар Исфара изҳори сипос намудааст.
"Аз мувофиқа дар тамоми масоили ҳамкориҳои дуҷониба сидқан хушҳолам. Мо дар масоили суръатнок кардани аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамфикр шуда, мувофиқа кардем, ки масоили марзиро бо манфиати ду ҷониб оғоз кунем.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин тарҳҳои муштараки энержиро баррасӣ кардаанд.
Ба гузорити котиботи президенти Қирғизистон, Жээнбеков гуфтааст, ки ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон музокироти таърихӣ рух дод.
"Чунин рухдод аз оғози таърихи мустақилияти кишварамон то кунун набуд. Бовар дорам, ки вохӯрии мо барои таҳкими муносиботи дуҷониба такони хубе хоҳад шуд", - қайд кардааст Сооронбой Жээнбеков.
Комментарии (0)