Раванди татбиқи барномаи иммунопрофилактика ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ баррасӣ шуд
18 август дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, дар ҷаласа раванди иҷрои ду ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ: «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда шуд.
Оид ба ҷараёни татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Саидзода ва намояндаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ин ҳуҷҷатҳо оид ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
сарчашма: Khovar.tj

Комментарии (0)