< Хабарҳои хориҷ кардани Эрон аз узвияти Шанхай беасос аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Хабарҳои хориҷ кардани Эрон аз узвияти Шанхай беасос аст

Хабарҳои хориҷ кардани Эрон аз узвияти Шанхай беасос аст
​Сайид Аббос Ироқчӣ ҷузъиёти дидор ва мулоқоти Масъуд Пизишкиён бо роҳбарони баъзе аз кишварҳоро шарҳ дода гуфт, ки дар мулоқоти Президенти Эрон бо Владимир Путин масъалаҳои муҳимми сиёсиву иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Дар айни ҳол, Сайид Аббос Ироқчӣ дар бораи баҳсҳои мулоқоти хеле кӯтоҳи Президенти Эрон бо Си Ҷинпин гуфт, ки чунин мулоқотҳо дар нишастҳое, ки сарони кишварҳои зиёд ҳузур доранд, як «амри табиӣ» аст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси муқобила бо иқдомҳои се кишвари аврупоӣ роҷеъ ба фаъолсозии механизми моша ишора карда, афзуд, ки намояндагиҳои Эрон дар Ню-Йорк дар ҳамоҳангӣ бо Русия ва Чин иқдомҳои ҷадидро роҳандозӣ кардаанд. Аббос Ироқчӣ аз пешниҳоди як тарҳи қатънома ба Шурои амният аз ҷониби Маскав ва Пекин хабар дода гуфт, ки Теҳрон бо ҳар роҳ талош мекунад, ин иқдомро «ғайриқонунӣ ва беэътибор» нишон диҳад.

Сайид Аббос Ироқӣ дар бораи ҳузур наёфтани Масъуд Пизишкиён дар маросими аксгирии зиёфати ғайрирасмии сарони кишварҳо гуфт: «Эрон мутобиқ бо қонун, фарҳанг ва арзишҳои шариати исломӣ протоколҳои вижаи худро барои ширкат дар чунин зиёфатҳо дорад. Аккосӣ аз зиёфати расмӣ набуд ва акси асосии нишаст рӯзи баъд, қабл аз иҷлосия гирифта шуд».

Ин мақоми эронӣ сафари Масъуд Пизишкиён ба Чинро як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои Теҳрон ва Пекин унвон намуда, онро ҳамзамон як паёми возеҳ ба мухолифони байналмилалии Эрон донист.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий