< Шумораи қурбониёни зилзилаи Афғонистон ба 812 нафар расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шумораи қурбониёни зилзилаи Афғонистон ба 812 нафар расид

Шумораи қурбониёни зилзилаи Афғонистон ба 812 нафар расид
​Бар асоси иттилои расонаҳо зилзила бо қувваи 6, 2 бал шоми 31-уми август қаторкӯҳҳои Ҳиндукушро такон дод. Маркази он 27 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Асадобод будааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати террористии Толибон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки «шумораи қурбониёни офати табиӣ ба 812 нафар расида, мизони захмиён то 2 812 нафар боло рафт».

Қаблан, баъзе расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла Франс-пресс иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи зизлила дар Афғонистон 622 нафар ба ҳалокат расида, 1500 нафар захмӣ шуданд.

Мақомоти ҳукумати Толибон гуфтаанд, ки хисороти моливу ҷонии зилзилаи шаби 31-уми август дар ҳоли афзоиш буда, эҳтимоли афзоиши талафоти ҷонӣ хеле зиёд аст.

Ёдовар мешаҷем, зилзила соати 23:47 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рӯй дода, вилоятҳои Кунар, Нуристон, Нангаҳор ва Лоҳурро фаро гирифта буд.

Сарчашма:  dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий