< Шароите, ки долларро "дафн" мекунад, гуфта шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шароите, ки долларро "дафн" мекунад, гуфта шуд

Шароите, ки долларро "дафн" мекунад, гуфта шуд
Доллар метавонад ҳамчун асъори захиравии ҷаҳон ғайри қобили эътимод гардад. Дар ин бора вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен изҳор дошт.

Пеш аз заиф шудани эътимод ба доллар, бӯҳрони молиявӣ пеш хоҳад омад, ки Иёлоти Муттаҳида талош мекунад аз он ҷилавгирӣ кунад, гуфт ӯ.

Йеллен гуфт, барои пешгирии чунин вазъ, Вашингтон бояд ҳадди ниҳоии қарзи миллиро баланд бардорад, то маблағгузории ташаббусҳои қаблии Конгрессро таъмин кунад.

Набудани чораҳои қатъӣ боиси таъхир дар пардохти маоши хизматчиёни ҳарбӣ, имтиёзҳо, инчунин боздоштани пардохти маблағҳои аз ҳисоби андоз баргардондашуда барои кӯдакон мегардад.

"Вазъияти коғазҳои қиматноки хазинадорӣ - дороиҳои боэътимоди ҷаҳон ва инчунин доллар ҳамчун асъори захиравии ҷаҳон пойин хоҳад шуд", - гуфт Йеллен.

Қаблан Сенати ИМА барои муваққатан боло бурдани ҳадди қарзи давлатӣ 480 миллиард доллар овоз дод. Ҳамин тариқ, кишвар метавонад дефолтро ба таъхир гузорад, ки то 3 декабр маблағи кофӣ хоҳад буд.

Аммо ин ташаббус бояд дар Палатаи намояндагон тасдиқ карда шавад ва пас аз он санадро раҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден баррасӣ хоҳад кард.

Йеллен гуфт, ки захираҳои хазинадорӣ пас аз 18 октябр тамом мешаванд.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий