< Эрон аз мубтало шудани се мақомдори баландпояи давлатӣ ба коронавирус хабар дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эрон аз мубтало шудани се мақомдори баландпояи давлатӣ ба коронавирус хабар дод

Эрон аз мубтало шудани се мақомдори баландпояи давлатӣ ба коронавирус хабар дод
Хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар Эрон нигаронкунанда аст. Ҳукумати ин кишвар имрӯз аз ду ҳолати дигари гирифторшавии мақомдорони давлатӣ хабар дод

Қаблан муовини Вазири беҳдошти Эрон Эраҷ Ҳарирчӣ, дар як навори кӯтоҳ изҳор дошт, ки пас аз сулфидану баланд шудани ҳарорати бадан, табибон гирифтори ӯро ба маризии коронавирус собит намуданд.

Имрӯз бошад, ба якборагӣ ду мақомдори ин кишвар мубталои маризии "вируси тоҷдор" гардиданд. 

Ба иттилои агентии IRNA ноиби президенти Эрон дар умури занон ва оила Масума Ибтикор низ дардманди коронавирус шудааст.

"Дар робита ба мавҷуд будани чанд аломатҳои ин маризӣ дар хонум Ибтикор,  табибон ӯро аз ташхис гузаронданд ва собит намуданд, ки ноиби президент гирифтори маризии сироятии коронавирус мебошад", - афзудааст котиби Масума Ибтикор.

Қаблан, Муҷтабо Зулнур намояндаи Қум ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар як мусоҳиба бо телевизиони давлатии Эрон изҳор доштааст, ки озмоиши коронавирус барояш мусбат шудааст ва ҷойи нигаронӣ надорад.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, дар ҳоли карантин қарор дорад ва аз он изҳори умед намуд ,ки кишвараш бар муқобили ин беморӣ ғолиб хоҳад омад.

Расонаҳои эронӣ имрӯз омори охиринро дар бораи қурбониёни коронавирус дар ин кишвар интишор карданд. Гуфта мешавад то кунун дар Эрон 22 ҳолати фавт ва 141 гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий