< Фурӯшу ҳадя ва ба мерос додани силоҳҳои мукофотӣ манъ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Фурӯшу ҳадя ва ба мерос додани силоҳҳои мукофотӣ манъ шуд

Фурӯшу ҳадя ва ба мерос додани силоҳҳои мукофотӣ манъ шуд
Дар Тоҷикистон фурӯш, ҳадя ва ба мерос додан ё гирифтани силоҳи мукофотӣ ва лавозимоти ҷангӣ манъ шуд. Ин меъёр дар тағйиру иловаҳо ба Қонуни «Дар бораи силоҳ» ворид гардид, ки раисҷумҳур рӯзи 21-уми октябр имзо карда, матни он дар «Садои мардум» чоп шудааст.

Силоҳи мукофотӣ чист?

Тибқи моддаи нави 26 иловаи 1, силоҳи мукофотӣ силоҳест, ки дар асоси фармони раисҷумҳур, қарори ҳукумат ё аз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ гирифта шудааст. Ҳамчунин, силоҳи мукофотӣ, ки аз сӯи роҳбарони Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳадя дода мешавад, ба каси дигар додан манъ аст.
                                    "                                          
Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки «бо силоҳи мукофотӣ сарфароз шудаанд», тибқи қонун барои нигоҳ доштани он рухсатнома дода мешавад. Лавозимоти ҷангии он (тир, ғилоф ва ғайра)-ро шаҳрвандон аз шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳи хидматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро доранд, бо пешниҳоди рухсатнома мехаранд.
                                         
Тартиби гирифтан ва сарфароз гардонидан бо силоҳи мукофотии оташфишони суфтамил, силоҳи рахпечи кӯтоҳмил, силоҳи ғайринизомӣ ва силоҳи сарди теғдор аз ҷониби ҳукумат муайян мешавад. «Азия-Плюс» аз махзани ягонаи Вазорати адлия онро пайдо карда натавонистем.

Ҳамчунин, матни тағйироти қонун намегӯяд, ки пас аз даргузашти соҳиби силоҳ ё дар сурати даст кашидани ӯ аз он, бо ин силоҳ чӣ мешавад.

Пештар чӣ гуна буд?

Дар моддаи 26-и қонун, ки номаш «Мукофотонидан, фурӯхтан, тӯҳфа кардан ва ба мерос гузоштани силоҳ аз тарафишаҳрвандон» буд, калимаи «мукофотонидан» аз он хориҷ карда шуд. Акнун калимаи «мукофотонидан» бо «Силоҳи мукофотӣ» иваз карда шуда, он дар моддаи алоҳидаи 26 иловаи 1 танзим мешавад.
Ахбори тоза

«Тақдири миллатро ҳал кард». Сокинон дар бораи Иҷлосияи 16-ум чӣ медонанд?Ҳамаи хабарҳо«Дар моддаҳои 13, 14 ва 19 ибораи „дароз намудани муҳлати рухсатнома“ ба „нигоҳ доштани эътибори рухсатнома“ иваз шуд. Дар моддаи 14 навишта шудааст, ки эътибори рухсатнома тибқи тартиби нигоҳ доштан ва истифода бурдани силоҳ нигоҳ дошта мешавад.

Баҳодур Холиқзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, ба вакилон гуфтааст, ки Қонуни «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иҷозатномаҳоро ба муҳлати номаҳдуд медиҳад ва лоиҳа «барои аз байн бурдани мухолифатҳо» байни ду қонун таҳия шудааст.
                                                                    
Дар моддаи 19 калимаи «пардохтҳо» ба «хироҷ» (пардохт) ва «пардохти яквақта» ба «хироҷи яккарата» иваз шуд. Қисми нави 3-и ҳамон модда мегӯяд, ки андозаи хироҷ барои рухсатнома ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои воридот ва содироти силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ва барои нигоҳ доштани онҳо тибқи қонунгузорӣ дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ муайян мешавад. Маълум нест, ки хироҷи иҷозатномаи силоҳи мукофотӣ чанд пул аст.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий