< Этнограф, таърихшинос, профессор: Назирҷон Турсунов даргузашт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Этнограф, таърихшинос, профессор: Назирҷон Турсунов даргузашт

Этнограф, таърихшинос, профессор: Назирҷон Турсунов даргузашт
Профессор Назирҷон Турсунов, рӯзи 29 октябр дар синни 84 - солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт.
Дар ин бора, наздикони хонаводаи профессор ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

Бино бар хабари наздикони марҳум, профессор Назирҷон Турсунов дар паи бемории начандон дароз аз олам чашм пӯшид.
Ҷанозаи профессор дар шаҳри Хуҷанд худи ҳамин рӯз ба хок супорида шуд.

Назирҷон Турсунов 12 августи соли 1942 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи Кировро (Ҳозира - Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд - таҳрир) хатм кардааст.
Ӯ дар соҳаи мардумшиносӣ тадқиқот бурда солҳо барои бунёди осорхонаҳои мардумӣ аз ҷумла осорхонаи "Хонаи Эргашбой” саҳм гузоштааст.

Ӯ ба ҳайси мудири кафедраи таърих ва этнографияи Донишгохи миллии Тоҷикистон, профессор - мушовир дар Маркази илмии хуросоншиносии Машҳад (Эрон) фаъолият кардааст.

Муаллифи 20 монография ва беш аз 400 мақолаву китобҳои дарсӣ мебошад.

Сарчашма: sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий